лаънат — [لعنت] а. дуои бад; бадгӯӣ, изҳори нафрат; лаънат ба… таъбири дашном, ки дар мавриди изҳори нафрату мазаммати сахт ба касе ё чизе гуфта мешавад; таънаву лаънат маломату нафрат; лаънат кардан // лаънат фиристодан // лаънат хондан нафрин гуфтан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нафрин — [نفرين] дашном; дуои бад; лаънат; нафрин кардан (хондан) дашном додан, рин кардан (хондан) дашном додан, лаънат гуфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
туф — [تف] оби даҳон, оби даҳон, ки аз даҳон берун андозанд; туфи лаънат ба аломати нафрин ва изҳори танаффур оби даҳон андохтан ба касе; туф кардан (ба рӯи касе) изҳори нафрат кардан; туф бар ту! лаънат бод бар ту! … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бадбахт — [بدبخت] 1. бадтолеъ, шӯрбахт, сияҳбахт, тирарӯз; муқоб. хушбахт 2. лаънатӣ, шум (дар мавриди дашном кор мефармоянд) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯр — I [گور] ҷое, ки мурдаи одамро дафн мекунанд, дахма, сағона, қабр, марқад, мадфан, турбат; гӯру кафан воситаҳои зарурии маросими дафн; гӯру чӯб ниг. гӯру кафан; гӯру чӯб кардан ниг. гӯр кардан; гӯру қиёмат д. тарси азоби гӯр ва ҷазои рӯзи қиёмат;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯрсӯхта — [گورسخته] таҳқ. нобакор, лаънатӣ (дар мавриди изҳори норозигӣ аз касе дар ҳаққи ӯ чун дашном гуфта мешавад) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаин — [لعين] а 1. лаънаткарда, лаънатӣ, малъун 2. нокас, бадтинат, палид: душмани лаин, хасми лаин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаънаткарда — [لعنت کرده] ниг. лаънатӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаънатнома — [لعنت نامه] навиштае, ки дар бораи лаин будани касе далолат мекунад, номаи лаънат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
малъун — [ملعون] а. лаънаткарда, лаънатӣ, лаин, рондашуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ